Амонатбонк дар озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

15 маи 2023

Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. 
Озмуни мазкур дар асоси натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2022, аз рӯйи номинаи додани қарз/маблағгузорӣ, ҷалби пасандозҳо, кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ва додани кафолати бонкӣ ташкил гардида буд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар номинаи кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ яке аз ҷойҳои ифтихориро касб намуда, соҳиби ҷоиза гардид. 
Ташкил ва баргузор намудани озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” барои васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди минбаъдаи соҳибкории бонувон ва ҷалби бештари занону духтарон ба низоми бонкию молиявӣ бевосита мусоидат хоҳанд кард.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк