Фестивали “Саводнокии молиявӣ”

13 май 2023

Санаи 13-уми майи соли ҷорӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.

Фестивали мазкур бо мақсади иттилоотонии аҳолӣ аз хизматрасонҳои молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии истифодабарандагони чунин хизматрасониҳо буда, дар он ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва ассотсиатсияҳои онҳо ширкат варзиданд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ дар фестивали мазкур фаъолона ширкат варзида, маҳсулоти бонкӣ ва хизматрасониҳои худро ба ҳозирин пешниҳод намуд.

Дар баробари ин дар рафти фестивал аз ҷониби кормандони Амонатбонк барои меҳмонону иштирокдорон бозии ҷолиби интелектуалӣ гузаронида шуда, ғолибони он бо туҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк