АМОНАТБОНК ҒОЛИБИ “ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН 2023”
11 август 2023
Аз 16 июл то 11 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 2023” миёни дастаҳои ғайрикасбӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа беҳтарин дастаҳои футзалбозони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар бозии финалӣ футболбозони дастаи «Амонатбонк» бо ҳисоби 4:3 дастаи «Ориёнбонк»-ро шикаст дода, ғолиби мусобиқа ва барандаи ҷом гардид.
Дар маросими ҷоизасупории мусобиқаи «Ҷоми ФФТ 2023» Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода, котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ва директори лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов иштирок намуда, ба ғолибони мусобиқа ҷоизаҳоро тақдим намуданд.
Хушбахтона, дарвозабони дастаи “Амонатбонк” Умедҷони Муминзода бо ҷоизаи “Беҳтарин дарвозабон” ва Султоншо Мирзоев бо ҷоизаи “Беҳтарин бозингар” мушарраф гардиданд.