Нишасти матбуотӣ дар Амонатбонк
Санаи 08-уми августи соли ҷорӣ бо иштироки зиёда аз 50 намояндаи воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид.
Дар оғози нишаст Раиси Раёсати Бонк мӯҳтарам Икромӣ С.С. бо рӯнамои мухтасар баромад намуда, фаъолияти Амонатбонкро давоми шашмоҳаи якуми соли 2023 натиҷагирӣ намуданд.
Маълумотҳои ба рӯзноманигорон пешниҳодгардида, оид ба пардохтпазирии Бонк, дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя, даромад, ҳаҷми амонатҳои аҳолӣ, ҳамкориҳо бо шарикони рушд, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, қарзҳои ба аҳолӣ пешниҳодгардида, фаъолият дар самти таҷдид ва тақвияти инфрасохтор барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ғайраро дар бар мегирифт.
Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар низ дар навбати худ фаъол буда, вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳои гуногун пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла вобаста ба қарзҳои ҷудогардида барои ширкатҳои сайёҳӣ, қарзҳои ипотекӣ, қарзҳо барои соҳибкорзанон, қарзҳои аз њисоби хатти қарзии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо ба ширкатҳои ватанӣ пешниҳодгардида, қарзҳои мушкилситон, имкониятҳо барои сайёҳони хориҷӣ дар самти гирифтани пули нақд аз банкоматҳои Бонк, афзалият ва мушкилиҳо дар самти гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, шумораи мизоҷони Амонатбонк, ки ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ рӯ овардаанд, нақши интервенсия дар самти муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, ҳамкорӣ бо Бонки давлатии рушди Чин ва бонкҳои Федератсияи Россия ва ғайра суолҳо пешниҳод гардиданд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод барои ибрози андешаҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифта, дар он фаъолияти Бонк ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.













