Ба истифода додани бинои хуштарҳу замонавии филиали рақами 28-и КВД Бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Зафаробод

07 декабр 2023
Бинои хуштарҳу замонавии филиали рақами 28-и КВД Бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Зафаробод мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 
Бино филиал аз 2 ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад ва барои тақвияти  хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин карда шудааст. Ин бино ҳам қаблан дар тавозуни ҶСК “Агроинвестбонк” қарор дошт ва Амонатбонк баъди харидорӣ онро куллан таъмир намуд.

Дар вақти ба истифода додани иншооти “Амонатбонк” аз ҷониби Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, риояи қатъии қоидаҳои одоби муошират бо мизоҷон, тарғибу ташвиқи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои молиявӣ ва пешниҳоди ҳарчи бештари қарзҳо ба аҳолӣ, хусусан ба соҳибкорону кишоварзони  ноҳияи Зафаробод дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарону кормандони филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ қарор дошта бошад.

Дар маросими ба истифода додани иншооти мазкур Раиси ноҳияи Зафаробод ва намояндагони бахши минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ иштирок доштанд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк