Таҷлил аз 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар “Амонатбонк”.

08 декабр 2023

Бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ҳамоиш доир гардид.

Ҳамоиши мазкур бо иштироки Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С., номзади илмҳои таърих, сиёсатмадор ва яке аз бунёдгузори ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва ҳайати кормандони Бонк доир гардид.

Дар оғоз Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” Икромӣ С.С. ба сухан баромада, ҳамагонро ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор, бо ѓояҳои солими миллӣ ва созандаи худ баҳри ба муттаҳидӣ расонидани миллат, таъмини амният ва зиндагии шоиста ба ҳар фарди Ватан, кўшиши ҳамешагӣ намуда истодааст.

Ҳамин аст, ки хурду бузурги Ватан хуб дарк мекунанд, ки дар ин роҳ хизматҳои бесобиқаву арзандаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиру муқоисанашаванда аст.

Воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - шахсияти нотакрор ва дар сиёсат беназир ба ҳисоб рафта, дар таъсис ва рушди давлати навини тоҷикон нақши бунёдгузорӣ ва муассир доранд.     

Дар идома вобаста ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” сухан гуфта шуда, иброз гардид, ки дар давоми солҳои сипаригашта аъзоёни ташкилоти болозикр бо ҳисси баланди ватандўстию худшиносии миллӣ ва мавқеи устувори худ дар сафи пеши амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ қарор доштанд.

Аъзоёни ҲХДТ бо дарки масъулияти баланд, бо фазилатҳои сиёсӣ, сифатҳои ахлоқӣ ва фарҳанги маънавӣ фаъолияти самараноки худро барои беҳбудии ҷомеа равона карда, ба натиҷаҳои хуби касбӣ, хусусан молиявӣ ноил гаштаанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Сипас номзади илмҳои таърих, сиёсатмадор ва яке аз бунёдгузори ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 29 соли фаъолият имкон фароҳам овард, ки ҷомеаро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалигардонии ормонҳои мардум тавонист нақши мондагор гузорад. Нақши ин ҳизби сиёсӣ дар рушди иқтисодиёти навини Тоҷикистон беназир буда, талошҳои барномавии он ба зиндагии шоистаи мардум равона гардидаанд.

Дар охир аз ҷониби кормандони намояндагони Шӯрои ҷавонони Бонк низ вобаста ба фаъолияти арзандаву шоистаи ҲХДТ андешаронӣ сурат гирифт.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк