Маросими ҷоизасупорӣ ба футболбозони “Амонатбонк”

13 декабри 2023
Санаи 13-уми декабри соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Раёсати Бонк Икромӣ С.С., ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода, директори лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов маросими ҷоизасупорӣ ба футболбозони “Амонатбонк” сурат гирифт.

Дар вазъияти тантанавӣ ба дастаи футболбозони “Амонатбонк”, ки дар Суперлигаи Тоҷикистон-2023 ғолиби ҷойи сеюм гардида буданд, нишони биринҷӣ тақдим карда шуд.  

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболбозони “Амонатбонк” шомили лигаи футзали Тоҷикистон буда, пайваста дар мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футбол фаъолона ширкат варзида, ба ин васила дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим саҳм мегузоранд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк