Кормандони филиали №16-и ноҳияи Файзободи КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.

14 декабри 2023

Бинои тозатаҷдиди филиали №16-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк » дар ноҳияи Файзобод дар доираи иқдомҳои созандагӣ ба истиқболи 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои нави филиали рақами 16-и "Амонатбонк" дар ноҳияи Файзобод мутобиқ ба талаботи замони имрӯз навсозӣ карда шуда, дар ин ҷо барои зиёда аз  40 нафар кормандон, ки аксарашонро бонувон ташкил медиҳанд, шароити муосири кору  фаъолият муҳайё гардидааст.

Зимни ифтитоҳи бинои нави филиали №16-и Амонатбонк дар ноҳияи Файзобод Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ ва Раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода иштирок намуданд.

Бинои мазкур дар гузашта ба ҶСК “Агроинвестбонк” тааллуқ дошт ва аз тарафи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” иншоот харидорӣ ва мутобиқ ба талаботу меъёрҳои соҳаи бонкдорӣ таъмиру навсозӣ карда шуд.

Корҳои таъмиру навсозӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд иҷро гардид ва дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, аз ин пас хизматрасониҳои бонкӣ дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.

Бинои нави филиал масоҳаташ бештар 580 метри мурббаъ буда, дорои қариб 10 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толори маҷлис бо 50 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Аснои ифтитоҳи бинои нави филиали № 16-и ноҳияи Файзобод Раиси Раёсати Амонатбонк  масъалаи боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ноҳия, ба таври васеъ ба роҳ мондани хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ ва устувор гардонидани мавқеи Бонк ҳамчун бонки давлатӣ дар бозори байнибонкии кишвар, андешидани чораҳо дар самти баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати такмили савияи касбии кормандони Бонк доир ба истифодаи технологияи рақамӣ, зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзиро ба миён гузошта, ифтитоҳи иншооти мазкурро аз иқдомҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк