Кормандони филиали №62-и ноҳияи Темурмалики КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.

18 декабри 2023

Боз як бинои хуштарҳу замонавӣ барои кормандони Амонатбонк бо тамоми шароитҳои муосир ки барои кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст ба истифода дода шуд. Бинои нави филиали рақами 62-и "Амонатбонк" дар ноҳияи Темурмалик мутобиқ ба талаботи замони имрӯз навсозӣ карда шуда, дар ин ҷо барои зиёда аз  26 нафар кормандон шароити муосири кору  фаъолият муҳайё гардидааст.

Зимни ифтитоҳи бинои нави филиали №62-и Амонатбонк дар ноҳияи Файзобод Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Темурмалик иштирок намуданд.

Бинои мазкур дар гузашта ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» тааллуқ дошт ва аз тарафи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” иншоот харидорӣ ва мутобиқ ба талаботу меъёрҳои соҳаи бонкдорӣ таъмиру навсозӣ карда шуд.

Бинои нави филиал масоҳаташ бештар 900 метри мурббаъ буда, дорои қариб 8 ҳуҷраи барҳавои корӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк