Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров дар Амонатбонк ҳамоиш доир гардид.

17 январи 2024

Санаи 17-уми январи соли ҷорӣ дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” вобаста ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиш ҳайати роҳбарикунандаи Бонк, доираи васеъи кормандон ва меҳмонони даъватшуда, доктори илмҳои таърих, омӯзгори кафедраи “Таърихи халқи тоҷик”-и ДМТ Зикриё Иномович ва мудири кафедраи “Таърихи халқи тоҷик”-и ДМТ Ҷонибек Асрориён иштирок доштанд.

Дар оғоз, ҳозирин вобаста ба зиндагинома ва фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафуров филмномаеро бо фарогирии маълумотҳои ҷолиби таърихӣ тамошо намуданд.

Сипас, устодони кафедраи “Таърихи халқи тоҷик”-и ДМТ бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, иброз доштанд, ки академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанги миллати тоҷик мебошад, ки барои ташаккул ва ташвиқу тарғиби тамаддуни мардуми тоҷик хизматҳои шоён намудааст. Гуфта шуд, ки нақши шоираи тоҷик, модари аллома Бобоҷон Ғафуров, Розияи Озод дар тарбия ва ба камол расондани фарзонафарзанд ва қаҳрамони миллати тоҷик басо арзишманд буда, тарбияи модар яке аз сарчашмаҳои шӯҳратёбии Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Вобаста ба китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров зикр шуд, ки воқеан китоби мазкур оинаи тамаддуни миллати тоҷик, хазинаи бебаҳои таърихи ниёгон ва шуҷоату бузургии тоҷиконаи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки муҳимтарин сарчашмаи илмию таърихии миллати тоҷикро барои наслҳои имрӯзу фардо баррасӣ намудааст.

Бобоҷон Ғафуров бо чопи ин шоҳасар исбот намуд, ки тоҷикон дорои таърихи бой ва гузаштаи тӯлонӣ ҳастанд ва ниёзе ба таърихи сохтаю бофта ё таҳрифи таърих надоранд.        

Китоби «Тоҷикон»-ро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «шиносномаи миллат» ном бурда, ин асар барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад, ки барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст.

Китоб имрӯз ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ чун туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки мондагортарин заҳмати фарзанди фарзонаи миллат ба халқу ҷумҳурии азиз мебошад.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк