Баргузории Ҷаласаи навбатии ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай

28 декабри 2022

Ҳайати кории БДА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии муовини Раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Фирдавс Зикр аз санаи 20 то 23 декабри соли ҷорӣ дар кори Ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, иштирок ва маърўза намуданд.    

Дар кори Ҷаласа ҳайатҳои расмии бонкҳои аъзои ИББ СҲШ тибқи рўзнома чунин масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд:

 

· Ташаббусҳои банкҳои аъзо оид ба вусъат бахшидани ҳамкориҳои байнибонкӣ дар доираи Иттиҳоди байнибонкӣ;

· Ҳамкории бонкҳои аъзои Иттиҳод дар самти табодули таҷриба ва бозомўзии мутахассисони бо мақсади баланд бардоштани иқтидори онҳо;

· Таъсис додани базаи ягонаи иттилоотии Иттиҳод бахшида ба 20-умин солгарди Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ);

· Пешниҳоди тавсияҳо оид ба ҳама гуна масъалаҳое, ки ба рафти ҳамкориҳои бонкҳои аъзо таъсири мусбӣ мерасонанд.

· Баррасии масъалаи ҳамкориҳои минбаъдаи молиявии бонкҳои аъзои ИББ СҲШ ва таҳкими шарикӣ дар доираи Иттиҳод.

 

Ҳамчунин, дар рафти Ҷаласаи ҳамоҳангсозон Нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзои ИББ СҲШ оид ба дастгирӣ ва рушд додани ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муҳтавои асосии баргузории Ҷаласаи мазкур пеш аз ҳама густариш додани ҳамкориҳои молиявӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузориро миёни бонкҳои аъзои ИББ СҲШ дар бар гирифта, метавонад саҳми беназири худро дар густариш ёфтани муносибатҳои байнибонкӣ гузорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки пас аз баргузории чорабинӣ ҳайати кории БДА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии муовини Раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Фирдавс Зикр бо ҳайатҳои кории Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон ва ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» ҷиҳати дар ояндаи наздик ба имзо расонидани созишномаҳои нави қарзӣ ва густариш додани маблағгузории савдо байни бонкҳо, мулоқот баргузор намуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк