Вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо гурўҳи кории Актифбонки Ҷумҳурии Туркия

16 январ 2023

Санаи 17 январи соли 2023-юм, мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. ва роҳбари гурўҳи кории Актифбонки Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Азад Исмаил баргузор гардид.

Зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои минбаъдаи БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Актифбонк дар самтҳои мухталифи амалиётҳои асъорӣ, интиқоли маблағ аз корт ба корт, ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. оид ба фаъолияти молиявии Бонк дар соли 2022-юм, иттилоъ дода, қайд намуданд, ки имрўз мавқеи Бонк дар низоми бонкии кишвар устувор буда, новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна Амонатбонк дар ҳолати хуби молиявӣ қарор дорад.

Илова бар ин, Раиси Раёсати Бонк қайд намуданд, ки тибқи Дурнамои Бонк то соли 2025, дар нақша аст то доираи фаъолияти хориҷии Амонатбонкро васеъ намуда, ҳамкориҳои муштаракро бо бонкҳои хориҷа аз ҷумла, бо Актифбонк дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем.

Роҳбари гурўҳи кории Актифбонк муҳтарам Азад Исмаил таваҷҷуҳи хосаи худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои мухталиф иброз намуда, қайд намуданд, ки Амонатбонк яке аз шарикони боэътимоди Актифбонк ба ҳисоб рафта, мо омодаем, ки дар ояндаи наздик ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро дар сатҳи нав ба роҳ монем.

Мулоқоти дуҷониба дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати баланд бардоштани ҳамкориҳои муштараки молиявӣ иброз намуданд.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кўшиш менамояд, ки дар оянда ҳам, нисбати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва пешниҳод намудани хизматрасониҳои навӣ бонки ба мизоҷон, тадбирҳои муассирро амалӣ намояд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк