Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагирӣ аз ҷамъбасти солонаи фаъолияти ташкилоти ҳизбии «Амонат»

20 январи 2023

Санаи 20-уми январи соли 2023-юм дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки кормандон, ҳайяти роҳбарикунанда ва меҳмонони даъватгардида, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, доктори илмҳои ҳуқушиносӣ Раҷабзода Равшан Муҳитдин, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагирӣ аз ҷамъбасти солонаи фаъолияти ташкилоти ҳизбии «Амонат»-и БДА ҶТ “Амонатбонк” ҷаласа баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсат мӯҳтарам Икромӣ С.С. оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар гирифта, дар он натиҷаи фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли Истиқлоли давлатӣ ҷамъбасту таҳлил гардид.

Гуфта шуд, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳо оид ба соҳаи бонкдории мамлакат сухан рафта, зикр карда шуд, ки масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан, қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад. Зеро ҳар қадар, ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад.

 Аз ин рӯ ба Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Раиси Раёсат мӯҳтарам Икромӣ С.С. иброз доштанд, ки вобаста ба супориши мазкур аз ҷониби БДА ҶТ “Амонатбонк” чораҳои бетаъхир андешида шуда, сар карда аз оғзи соли 2023-юм се маҳсулоти қарзии нав “Кишоварз”, “Занони муваффақ” ва “Автоқарз” бо фоизҳои нисбатан паст пешниҳоди соҳибкорони ватанӣ ва мизоҷон карда шуд.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарияти Амонатбонк оид ба натиҷаи фаъолияти муваффақонаи ташкилоти ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳисобот дода, зикр карданд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2022-юм фаъолияти пурсамар намуда, дар самти баланд бардоштани нуфуз ва устувор гардонидани мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа корҳое зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Гуфта шуд, ки аъзоёни фаъоли ташкилоти ҳизбии “Амонат” аз ҳисоби кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” чун ҳарвақта бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва фарҳанги баланди маънавӣ саҳми босазои худро баҳри беҳбудии ҷомеа равона карда, ба натиҷаҳои боз ҳам хуби молиявӣ ноил гаштанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар низ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд ва дар оянда барои бозҳам рушд бахшидани фаъолияти соҳа ва баланд бардоштани нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа саъю кушиш менамоянд.

Сипас Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, доктори илмҳои ҳуқушиносӣ Раҷабзода Равшан Муҳитдин низ суханронӣ намуда, оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” фикру ақидаи хешро иброз намуда, қайд карданд, ки Паём раҳнамо барои ояндаи бозҳам дурахшон ва созандагиҳои кишвари соҳибистиқлоли мо буда, қадамҳои устувор барои иҷрои нақшаву ормонҳои баланди миллӣ мебошад, аз ин рӯ зарур аст то дар самти дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида чораҳои таъхирнопазир андешида шавад.

Дар фароварди ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло низ суханронӣ намуда, фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро назаррас арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки нақши ҲХДТ дар таҳкими сулҳу суббот ва осоиштагии мамлакат бараъло эҳсос мегардад. Дастгирии табақаи эҳтиёҷманд, саҳм гузоштан дар ободу зебо намудани як гӯшаи диёр ва пайваста дар чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ иштирок намудани аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” хуб арзёбӣ гардид.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк