БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамкориро бо «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» густариш медиҳад.

15 августи 2022
Санаи 15 августи соли ҷорӣ мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сирроҷиддин Салом бо ҳайати расмии ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, таҳти роҳбарии  Раиси Раёсати Ширкати мазкур муҳтарам Калигазин Аслан, баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Раиси Раёсати ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» иброз намуд, ки Ширкат омодааст дилхоҳ пешниҳод ва дархостҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон молу маҳсулот ворид менамояд дар ҳамкорӣ бо БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷонибдорӣ намояд.

Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сирроҷиддин Салом низ қайд карданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» дар раванди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиистон ҳамеша омодааст соҳибкорони ватаниро дар самти рушд додани соҳибкории хурду миёна ва дарёфти шарикони рушди боэътимод дастгирӣ карда, ҷиҳати ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Қазоқистон мусоидат намояд.

Пас аз мулоқоти дуҷониба миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» Ёддошти тафоҳум оид ба зиёд намудани ҳаҷми иловагии маблағгузорӣ то ба 15 млн. доллари ИМА, ба имзо расонида шуд.

Роҳбарияти ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» иброз дошт, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» метавонад дархостҳои иловатан пайдошударо то ҳаҷми 23 млн. доллари ИМА ба Ширкати мазкур пешниҳод намояд. Онҳо дар навбати худ омодаанд, ки ин дархостҳоро баррасӣ ва дастгирӣ намоянд.

Дар сурати аз худ шудани меъёри ҷудогардида аз ҷониби ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» маблағи умумӣ зиёда аз 30 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд.

Айни ҳол, аз ҳисоби маблағҳои ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» ба 6 лоиҳаи соҳибкорони ватанӣ ба маблағи 8,75 млн. доллари ИМА тариқи маблағгузории савдо хатҳои аккредитивӣ кушода шудааст.

Ҳадафи асосии ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум, ин пеш аз ҳама ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба шумор меравад.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кўшиш менамояд, ки дар оянда ҳам, нисбати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намояд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк