Вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ВМКБ

09 августи 2022

Санаи 06-уми августи соли ҷорӣ, бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи филиалҳо, мутахассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ВМКБ баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. оғоз намуда, зикр карданд, ки ба хотири бозҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ ва ба ин васила қонеъ намудани талаботи мизоҷон бо хизматрасониҳои босифат, тамоми кормандонро зарур аст то бо дасти поку, дилу нияти нек фаъолияти рузмараи хешро анҷом дода бошанд.

Дар идома сардори идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷ. оид ба фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ВМКБ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ва муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, бо таҳлилҳову пешниҳодҳои мушахас ҳисобот доданд.

Қайд гардид, ки дар ВМКБ - 9 адад филиал бо теъдоди 40 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 1-адад хазинаи бегоҳирузӣ ба аҳолии шаҳри Хоруғ хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ амалиётҳои гуногуни бонкӣ аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, амалиётҳои хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, қабули маблағҳои телефони мобилӣ, пур намудани ҳамиёни электронӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиётҳои бонкӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.

Дар охири ҷаласа марказњои хизматрасонии бонкии №627-и филиали №74-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Шуғнон ва МХБ-и №619-и филиали №72-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Ишкошим барои сањми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти соња ва мустањкам намудани мавќеи Бонк дар низоми бонкии кишвар бо гирифтани “Ифтихорнома” ќадрдонї гардиданд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк