Вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Рашт

30 июли 2022

Санаи 30-юми июли соли ҷорӣ, вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Рашт баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур, ҳайати роҳбарикунандаи филиалҳо, мутухассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. иброз доштанд, ки ба хотири бозҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ ва ба ин васила қонеъ намудани талаботи мизоҷон бо хизматрасониҳои босифат, тамоми кормандонро зарур аст то бо дасти поку, дилу нияти нек фаъолияти рузмараи хешро анҷом дода бошанд.

Дар идома аз бурду бохти фаъолияти МХБ дар минтақаи Рашт дар шаш моҳи соли ҷорӣ ва муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бо таҳлилҳову пешниҳодҳо сардори идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷ. ҳисобот доданд.

Қайд гардид, ки дар минтақаи Рашт - 5 адад филиал бо теъдоди 27 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 1-адад хазинаи бегоҳирузӣ ба аҳолии минтақаи Рашт хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ амалиётҳои гуногуни бонкӣ аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, амалиётҳои хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, қабули маблағҳои телефони мобилӣ, пур намудани ҳамиёни электронӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиётҳои бонкӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.

Дар хотима ба марказҳои хизматрасонии бонкии беҳтарини филиалҳои Амонатбонк дар минтақаи Рашт, барои саҳми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти соҳа ва мустаҳкам намудани мавқеи Бонк дар низоми бонкии кишвар “Ифтихорнома” тақдим гардид. Аз ҷумла ба МХБ-и №080-и филиали №12-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Нуробод, МХБ-и №171-и филиали №20-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Тоҷикобод ва МХБ-и №049-и филиали №76-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Рашт.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк