Мулоқоти Роҳбарияти Амонатбонк бо намояндагони RSBP барномаи “Тиҷорати хурд дар Осиёи Марказӣ”

29 июли 2022

Санаи 29-уми июли соли 2022, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С., бо намояндагони RSBP барномаи “Тиҷорати хурд дар Осиёи Марказӣ” Наталя Наришева ва Азамат Балтабоев мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.

Дар рафти мулоқот намояндагони барномаи RSBP “Тиҷорати хурд дар Осиёи Марказӣ” қайд намуданд, ки омодаанд дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос бо Амонатбонк ҳамкорӣ намоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барномаи “Тиҷорати хурд дар Осиёи Марказӣ” ба муассисаҳои молиявии минтақаи Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки савия ва малакаи касбии кормандон баланд бардошта шуда, дар ин замина барои маблағгузорӣ ва хизматрасонии соҳибкории хурду миёна мусоидат менамояд.

Дар интиҳои мулоқот Раиси Раёсати Бонк иброз намуданд, ки Амонатбонк ҳамеша омодааст дар самти баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва ҳамқадами замон будани онҳо, чораҳои заруриро рохандозӣ намояд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк