Вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоб

25 июли 2022

Санаи 23-юми июли соли ҷорӣ, вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур, ҳайати роҳбарикунандаи филиалҳо, мутухассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк, иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. оғоз намуда, иттилоъ доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии кормандони марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ, риояи қатъии қоидаҳои одоби муошират бо мизоҷон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандон, ҳамасола вохурии Раиси Раёсат бо мутахассисони Бонк дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

Дар вохурии мазкур аз бурду бохти фаъолияти МХБ-ҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ва муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бо таҳлилҳову пешниҳодҳо сардори идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷ. ҳисобот доданд.

Қайд гардид, ки дар минтақаҳои Кӯлоб - 10 адад филиал бо теъдоди 69 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 2-адад хазинаи бегоҳирузӣ ба аҳолии минтақаҳои Кӯлоб хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ амалиётҳои гуногуни бонкӣ аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, амалиётҳои хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, пур намудани ҳамиёни электронӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиётҳои бонкӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.

Дар хотима ба марказҳои хизматрасонии бонкии беҳтарини филиалҳои Амонатбонк дар минтақаи Кӯлоб, барои саҳми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти соҳа ва мустаҳкам намудани мавқеи Бонк дар низоми бонкии кишвар бо гирифтани “Ифтихорнома” қадрдонӣ карда шуданд:

 
- МХБ-и №700-и филиали №56-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Кӯлоб;

- МХБ-и №549-и филиали №60-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Ҳамадонӣ;

- МХБ-и №705-и филиали №61-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Фархор;

Аз ҷониби Раиси Раёсати БДА “ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. бори дигар ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таъмини хизматрасониҳои саривақтӣ ба мизоҷон, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қайд карда мешавад, ки вохуриҳои Раиси Раёсати Бонк бо кормандони филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамасола баргузор мегардад ва имсол низ ин иқдом бо тамоми кормандони филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” идома дорад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк