Мулоқоти Роҳбарияти Амонатбонк бо Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июли 2022
Санаи 21 июли соли 2022, бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои марказии БДА ҶТ «Амонатбонк» мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмре Зекӣ Карагёл баргузор гардид.

Дар рафти вохўрии мазкур масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамчун институти молиявии давлатӣ ва бонкҳои давлативу тиҷоратии Ҷумҳурии Туркия, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмре Зекӣ Карагёл дар суҳбаташон қайд намуданд, ки мақсади мо дар кутоҳтарин муҳлат расонидани гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Туркия то ба 1 миллиард доллари ИМА мебошад.

Ҳамчунин, муҳтарам Сафир иброз доштанд, ки нишондодҳои молиявӣ ва гардиши молу маҳсулот шаҳодати он аст, ки ҳаҷми гардиш сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Бинобар ин, бонкҳо дар рушди иқтисодии байни кишварҳо ҳамчун пули пайвандгар ба ҳисоб рафта, сафорат омодааст, ки дар ин самт чораҳои зарўриро амалӣ намояд.

Дар баробари ин, Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом омодагии хешро вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо бонкҳои Ҷумҳурии Туркия иброз намуда, қайд карданд, ки Амонатбонк ҳамеша пайгири сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба буда, ҷиҳати амалӣ намудани он тамоми тадбирҳои зарўриро роҳандозӣ хоҳад кард.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк