Мулоқоти сеҷонибаи Раиси Раёсати Бонк бо ҳайати кориии ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» ва ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон

20 июли 2022
Санаи 20 июли соли ҷорӣ дар бинои марказии БДА ҶТ «Амонатбонк» мулоқоти сеҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо ҳайати кориии ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» ва ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, баргузор гардид.

Дар вохўрӣ ҳайати ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистонро Директори иҷроияи ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» муҳтарам Ли Владимир Евгеневич роҳбарӣ намуд.

Дар рафти вохўрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва сеҷонибаи  БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» ва ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай буда, нақша доран, ки дар доираи ҳамкориҳои Иттиҳоди мазкур Созишнома оид ба кушодани хати қарзӣ дар самти маблағгузории савдоро ба имзо расонида, ҷиҳати боз ҳам рушд додани гардиши молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, мусоидат намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки санаи 13-уми феврали соли 2020, миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» Созишномаи ҳамкорӣ барои кушодани хатҳои қарзии аккредитивӣ ҷиҳати харидорӣ намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шуд.

Айни ҳол дар ин самт аз ҷониби ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» барои БДА ҶТ «Амонатбонк» хатҳои қарзии аккредитивӣ дар ҳаҷми 7,6 млн. доллари ИМА ҷудо карда шудааст, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз он молу маҳсулоти ниёзи аввалияро вориди кишвар намуда истодаанд.

БДА ҶТ “Амонатбонк” тасмим дорад, ки дар оянда меъёри хати қарзиро дар ин самт бозҳам зиёд намуда, ба ин васила барои дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ саҳми бевоситаи худро гузорад.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк