Вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтар

18 июли 2022

Санаи 16 июли соли ҷорӣ, вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтар баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур, ҳайати роҳбарикунандаи филиалҳо, мутахассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. оғоз намуда, иттилоъ доданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба мизоҷон, риояи қатъии қоидаҳои одоби муошират бо мизоҷон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандон, ҳамасола вохурии Раиси Раёсат бо мутахассисони Бонк дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

Дар вохурии мазкур оид ба бурду бохти фаъолияти МХБ-ҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ва муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бо таҳлилҳову пешниҳодҳо, сардори идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷ. тавассути рунамо ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

Қайд гардид, ки дар минтақаҳои Бохтар-14 адад филиал бо теъдоди 100 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 1-адад хазинаи бегоҳирузӣ ба аҳолии минтақаҳои Бохтар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ амалиётҳои гуногуни бонкӣ аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, амалиётҳои хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиётҳои бонкӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк ҷиҳати ҳарчи бештар зиёд пайваст намудани кортҳои мизоҷон ба СМС-паёмак, истифодаи барномаи Амонат-мобайл, интернет-банкинг ва ривоҷ додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар хотима ба марказњои хизматрасонии бонкии бењтарини филиалњои Амонатбонк дар минтақаи Бохтар барои сањми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти соња ва мустањкам намудани мавќеи Бонк дар низоми бонкии кишвар бо гирифтани Ифтихорнома ќадрдонї карда шуданд:

- МХБ-и №536-и филиали №42-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар;

- МХБ-и №529-и филиали №59-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Данғара;

- МХБ-и №476-и филиали №54-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Кушониён;

 Аз ҷониби Раиси Раёсати БДА “ҶТ “Амонатбонк” Икромї С.С. бори дигар ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таъмини хизматрасониҳои саривақтӣ ба мизоҷон, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қайд карда мешавад, ки вохуриҳои Раиси Раёсати Бонк бо кормандони филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамасола баргузор мегардад ва имсол низ ин иқдом бо тамоми кормандони филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” идома дорад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк