Иштироки Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» дар Форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон

30 ноябри 2022

Санаҳои 21-25 ноябри соли 2022-юм, ҳайати баландпояи кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо мақсади анҷом додани гуфтушунидҳои байниҳукумати ва иштирок дар Форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон аз шаҳрҳои Берлин, Ҳамбург ва Любек боздид ба амал овард.

Дар чорабинии мазкур роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ, намояндагони бонкҳои давлативу тиҷоратӣ аз ҷумла, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С., низ иштирок намуданд.

Дар доираи сафар ба шаҳри Берлин вохўриҳои дуҷонибаи ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ, Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлим (BMWK), Вазорати федеролии озуқаворӣ ва кишоварзӣ (BMEL), Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (BMZ) ва Вазорати федеролии меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Олмон (BMAS), баргузор гардиданд.

Ҳамчунин, таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Ҳоким Холиқзода дар Иттиҳодияҳои бонкҳои Олмон мизи муддавар бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои байнибонкӣ танзим карда шуд. Баъд аз анҷоми нишасти мазкур мулоқоти роҳбарони бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бонкҳои бонуфузи Олмон баргузор гардид.

Аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким ва раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо намояндаи минтақавии Sparkassebank Hamburg ва Фонди Sparkasse мулоқот сурат гирифт.

Дар рафти мулоқоти дуҷониба бо Фонди Sparkasse масоили густариш додани ҳамкориҳои мухталиф аз қабили, ташкили тренинг ва семинарҳо дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ва дигар бонкҳои ҷумҳурӣ, иштироки Фонд дар маблағгузории амалигардонии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва дигар самтҳои манфиатовар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк