Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амонатбонк

23 ноябри 2022

Санаи 23-юми ноябри соли ҷорӣ дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайяти кормандон чорабинии тантанавӣ доир гашт.

Нахуст муовини Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Ризвонзода Ф.З. ҳозиринро бо ин санаи арзишманду фархунда табрику таҳният намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Зикр гардид, ки аз оғози қабули Парчами давлатӣ миллати созандаи тоҷик таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрӯз азму талош дорад.

Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.

Сипас ҳуқуқшиноси идораи ҳуқуқи БДА ҶТ “Амонатбонк” Абдулозода Сангалї ва сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов З.А., оид ба бузургдошти Парчами давлатӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд. Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки Истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.

Баромадкунандагон иброз доштанд, ки дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд. Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами миллат ба ҳам омаданд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд. Давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.

Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби аъзоёни фаъоли Шурои ҷавонони БДА ҶТ “Амонатбонк” шеърҳо дар васфи ватану ватандорӣ, Истиқлолу осоиштагӣ ва Парчами давлатӣ қироат карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк