Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо ҳайати кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ

14 декабри 2022

Аз санаи 12 то 16 декабри соли ҷорӣ ҳайати баландпояи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти роҳбарии роҳбари миссия ҷаноби Мэтю Гертнер ҷиҳати баргузор намудани мулоқоту вохўриҳо бо як қатор вазорату идораҳои блоки иқтисодии ҷумҳурӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар баробари ин, нимаи дуюми санаи 13 декабри соли 2022, гурўҳи кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Калин Тинчев ва аъзоёни гурўҳ Дмитрий Плотников, Кади Синтия ва Ҷомӣ Чиниев барои баргузор намудани мулоқоти дуҷониба оид ба рушд додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом, ба бинои марказии Амонатбонк ташриф оварданд.

Дар ибтидои мулоқоти дуҷониба Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом оид ба фаъолияти молиявии Бонк дар 11 моҳи соли 2022, рунамоӣ пешниҳод карданд.

Илова ба ин, Роҳбарияти Амонатбонк нисбати Дурномаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати Бонк ахборот дода, намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявиро бовар кунонданд, ки новобаста аз вазъи геосиёсии дунё, таъсири манфии он ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа, муносибатҳои байналмилалии Бонк бо шарикони рушд ва таъсири манфии ҳодисаҳои мазкур, ҳолати молиявии БДА ҶТ «Амонатбонк» муътадил нигоҳ дода шудааст.

Пас аз ин, намояндагони гурўҳи кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ иттилоъ доданд, ки ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамчун Бонки низомсози кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, имрўз заминае вуҷуд дорад, ки дар солҳои минбаъда онро боз ҳам тақвият бахшанд.

Ҷаноби Калин Тинчев иброз намуд, ки гурўҳи кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ нақша дорад таваҷҷуҳи худро ба дурнамои макроиқтисодӣ дар соли 2023, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар намуда, барои баланд бардоштани устувории он равона созад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф ва пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна таваҷҷуҳ намуда, омодагии хешро бобати густариш додани ҳамориҳо иброз намуданд.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк