Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Президенти Ташкилоти миллии сохтмончиёни Федератсияи Россия (НОСТРОЙ)

14 декабри 2022

Нимаи аввали санаи 13 декабри соли 2022, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом дар бинои марказии Бонк бо Президенти Ташкилоти миллии сохтмончиёни Федератсияи Россия (НОСТРОЙ) ҷаноби Глушков Антон Николаевич, мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд.

Зимни мулоқот Президенти Ташкилоти миллии сохтмончиёни Федератсияи Россия (НОСТРОЙ) ҷаноби Глушков Антон Николаевич таваҷҷуҳи хосаи худро бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи НОСТРОЙ бо Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон иброз дошта, БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро ҳамчун Бонки шарик интихоб намуд.

Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом низ омодагии худро ҷиҳати оғоз намудани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф бо назардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои шарикӣ баён намуданд.

Дар рафти мулоқоти дуҷониба дар баробари дигар масъалаҳои баррасишаванда, таҷрибаи маблағгузории бонкии ширкатҳои сохтмонии Федератстяи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷаноби Глушков Антон Николаевич барои ба даст овардани таҷрибаи корӣ дар ин самт, даъват ба амал оварданд, ки Роҳбарияти Амонатбонк метавонанд дар нимаи аввали моҳи феврали соли 2023, дар чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Ташкилоти миллии сохтмончиёни Федератсияи Россия (НОСТРОЙ) ва бонкҳои Федератсия Россия дар минтақаҳои гуногуни Россия баргузор мегардад, иштирок намоянд.

Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом даъвати Роҳбарияти Ташкилоти миллии сохтмончиёни Федератсияи Россия (НОСТРОЙ)-ро ба хушнуди пазируфта, омодагии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» низ пешниҳоди қарзҳои ипотекиро ба шаҳрвандон оғоз намудаасст ва дар ин самт таҷрибаи пешрафтаи бонкҳои Федератсияи Россияро ба роҳ хоҳад монд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк