Иштироки Амонатбонк дар ҳамоиши ҷавонони соҳаи бонкдорӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ”

23 ноябр 2026

Санаи 23-юми ноябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи бонкдорӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки муовинони Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар ва як қатор донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар доир карда шуд.

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷогӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар рафти ҳамоиш қайд гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди иқтисодиёти кишвар ва пешрафти низоми бонкӣ нақши муҳим доранд. Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки дониш, малака ва таҷрибаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан омили муҳими рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, зарурати иштироки фаъолонаи ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва саҳмгузорӣ дар ободониву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид карда шуд.

Дар доираи ҳамоиш ҳамчунин намоиши хизматрасонӣ ва маҳсулотҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ баргузор гардид.

Дар рафти намоиш ба меҳмонон ва ҳозирин оид ба маҳсулотҳои бонкӣ алалхусус воситаҳои пардохти ғайринақдӣ аз қабили барномаи мобилии “Амонат-мобайл” инчунин кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ, имтиёзҳои Бонк ба донишҷӯён ва ғайра маълумот пешниҳод гардида, варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.

Мақсади баргузории ҳамоиш баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ҷавонон аз давлату давлатдорӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, инчунин муайян намудани нақшу саҳми ҷавонони соҳаи бонкдорӣ дар рушди низоми молиявии кишвар, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеа дониста шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк