Иштироки Амонатбонк дар фестивали “Саводнокии молиявӣ” ва “Рӯзи байналмилалии пасандоз”
Бо мақсади таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии онҳо ва бахшида ба “Рӯзи байналмилаии пасандоз” бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ” доир гардид.
Дар доираи фестивали мазкур дар толор ва саҳни Қасри фарҳанги ин ноҳия форуми саводнокии молиявӣ ва намоиши хизматрасониҳои молиявӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ доираи васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ, занони соҳибкор, хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии мамлакат иштирок доштанд.
Дар баробари дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ филиали №13 КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯдакӣ низ маҳсулот ва хизматрасониҳои худро дар доираи намоишгоҳ ба ҳозирин пешниҳод намуд.
Ба иштирокдорон оид ба маҳсулотҳои бонкӣ алалхусус воситаҳои пардохти ғайринақдӣ аз қабили барномаи мобилии “Амонат-мобайл” инчунин кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот пешниҳод гардида, варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.













