Иштироки Амонатбонк дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026»
Санаи 22-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои сармоягузории ватанию хориҷӣ ва доираҳои соҳибкорӣ, Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид.
Дар форум намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон, инчунин имконоти иқтисодию сармоягузории минтақа муаррифӣ карда шуд.
Дар баробари дигар ташкилоту корхонаҳо филиали №42 КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар низ таҳти роҳбарии муовини раиси раёсати Амонатбонк Сафарзода Р.С. дар форуми мазкур ширкат варзида, маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Ба иштирокдорони форум оид ба маҳсулотҳои қарзӣ, кортҳои пардохтӣ, намуди пасандозҳо, хизматрасониҳои муфиди Амонатмобайл ва тарзу услуби кории он, Интернет-банкинг ва ғайра маълумот пешниҳод гардид.
Дар доираи форум панелҳои соҳавӣ доир гардида, масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва тавсеаи содироти маҳсулоти ватанӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳадафи асосии форум муаррифии имконияти сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ мебошад.













