Амонатбонк» барои саҳми назаррас дар рушди хизматрасониҳои бонкии рақамӣ қадрдонӣ гардид.

19 октябр 2026

КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар озмуни солонаи «Ҷоиза барои рушди бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026» дар самти «Бонкдории рақамӣ», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сазовори ҷоиза шуд.

Ҷоиза ба КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар номинатсияи «Рушди хизматрасониҳои бонкдории рақамӣ» дар самти рушди хизматрасониҳои давлатии рақамӣ супорида шуд.

Ин қадрдонӣ барои саҳми назарраси бонк дар рушди хизматрасониҳои бонкии рақамӣ, бахусус дар самти хизматрасониҳои давлатии рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақдим гардидааст.

Сазовор гардидан ба ин ҷоиза нишонаи эътирофи саҳми «Амонатбонк» дар густариши хизматрасониҳои рақамӣ, такмили низоми хизматрасонии бонкӣ ва мусоидат ба рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар мебошад.

 



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк