Амонатбонк - барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026

17 октябр 2026

Маросими ботантанаи супоридани ҷоизаи мазкур бо ташаббуси Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) аз 15 то 19 октябри соли 2026 дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд баргузор  гардид.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2026 Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи аврупоии бонкҳои амонатгузор (ESBG) таҳқиқоти фарогири байналмилалиро таҳти унвони SDG Data Survey 2026 доир намуд.      Ҳадафи асосии таҳқиқоти мазкур арзёбӣ ва мониторинги саҳми муассисаҳои молиявӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид (SDGs), аз ҷумла дастгирии рушди иқтисодӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нав ва таҳкими фарогирии молиявӣ мебошад.                                   

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар натиҷаи арзёбии коршиносони байналмилалӣ фаъолияти КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҳамчун муассисаи молиявии дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва рушдию иқтисодӣ баҳои баланд гирифта, Бонк дар номинатсияи бонуфузи «Рушди иқтисодӣ ва тавсеаи имкониятҳо» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 эътироф гардид.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк