Амонатбонк дар Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иштирок намуд
14 октябр 2026
Имрӯз намояндагони КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иштирок намуда, хизматрасониҳои муосири бонкро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.
Форуми мазкур ҳамчун платформаи илмию амалӣ, фарҳангию намоишӣ ва сайёҳӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносони кишварҳои гуногунро ба ҳам овардааст.
Иштироки Амонатбонк дар чунин чорабиниҳо ба муаррифии имкониятҳои муосири хизматрасонии бонкӣ, таҳкими ҳамкориҳо ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ мусоидат менамояд.













