Амонатбонк дар Форуми байналмилалии сармоягузории «G10» иштирок намуд.

14 октябр 2026

Санаи 14-уми октябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Форуми байналмилалии сармоягузории «G10» доир гардид.

Дар доираи форуми мазкур “Намоишгоҳи байналмилалии имкониятҳо ва дастовардҳои сармоягузории бахшҳои калидии иқтисодиёти Тоҷикистон” баргузор шуд.

Дар баробари дигар ташкилотҳои қарзии кишвар ва корхонаю ширкатҳои саноатӣ “Амонатбонк” низ ҳамчун яке аз бонкҳои низомсози кишвар дар намоишгоҳ иштирок намуда, маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба намоиш гузошт.

Намоишгоҳ ҳамчун платформаи стратегӣ барои ҷалби сармоя мусоидат намуда, ҳадафи асосии он муаррифии иқтидори иқтисодии кишвар, густариши ҳамкориҳои байналмилалии тиҷоратӣ, роҳандозии шарикии дарозмуддат ва ҷалби сармоягузорони стратегӣ дониста мешавад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк