Таҷлил аз Рӯзи забони давлатӣ дар Амонатбонк

05 октябр 2026

Ба муносибати санаи таърихӣ ва гиромидошти забони давлатӣ дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З., сардори шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сафарзода Эраҷ ва аҳли кормандони Амонатбонк иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини раиси раёсат Ризвонзода Ф.З. ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ – “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” самимона табрик намуда, таъкид намуданд, ки забон яке аз бузургтарин дастовардҳо ва неъматҳои маънавии инсон буда, муҳимтарин василаи баёни фикру андеша, эҳсосу ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои фарҳангии ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Забон таърихи миллатро дар худ нигоҳ медорад, фарҳанги онро ба наслҳои оянда мерасонад ва дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ нақши муҳим мебозад.

Сипас, сардори шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сафарзода Эраҷ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки барои мо - тоҷикон, забони тоҷикӣ ҳамчун забони модарӣ ва забони давлатӣ ҷойгоҳи хос ва муқаддас дорад. Ин забон дар тӯли садсолаҳо арзишҳои маънавию фарҳангии миллати моро ҳифз намуда, осори гаронбаҳои бузургони илму адабро то ба имрўз расонидааст.

Бо забони тоҷикӣ садҳо бузургони илму адаб андешаву осори мондагори худро ба мерос гузоштаанд, ки барои мо на танҳо ганҷинаи адабӣ, балки сарчашмаи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошанд.

Зикр шуд, ки маҳз ҳамин забон дар тӯли ҳазорсолаҳо воситаи ҳифз ва муаррифии таърих, фарҳанг ва дастовардҳои маънавии миллати тоҷик ба ҷаҳон будааст. Аз ин рӯ, дӯст доштан, ҳифз кардан ва пок нигоҳ доштани забони модарӣ ҳамчун гавҳари бебаҳои миллат вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк