Амонатбонк дар Форуми байналмилалии бонкӣ – 2026 иштирок намуд
30 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Бахши молиявӣ дар давраи инноватсияҳои рақамӣ» Форуми байналмилалии бонкӣ – 2026 баргузор гардид.
Дар Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, шарикони рушд ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
КВД БА ҶТ «Амонатбонк» низ дар кори Форум иштирок намуда, ба ҳозирин ва иштирокчиён оид ба фаъолияти бонк, имкониятҳо ва хизматрасониҳои муосири молиявии он маълумот пешниҳод намуд.
Дар доираи Форум мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси Амонатбонк Ризвонзода Фирдавс Зикр бо намояндагони бонкҳои хориҷӣ баргузор гардид. Зимни вохӯриҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба, технологияҳои муосири молиявӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни Форум масъалаҳои рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, финтех, тиҷорати электронӣ, низомҳои пардохти фаврӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва таҳкими ҳамкориҳои фаромарзии молиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштироки Амонатбонк дар чунин чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳои бонк, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди хизматрасониҳои муосири молиявӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.













