ИШТИРОКИ АМОНАТБОНК дар саммити байналмилалии Huawei Connect 2026

22 сентябр 2026

17 сентябри соли 2026 ҳайати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Раёсат Худоёрзода Худоёр дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар саммити байналмилалии Huawei Connect 2026 иштирок намуд.


Дар ҳошияи чорабинии мазкур мулоқоти муовини якуми Раиси Раёсат КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Худоёрзода Худоёр бо Директори генералии ширкати Huawei оид ба масъалаҳои технологӣ Янг Жиуан баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти технологияҳои муосири рақамӣ, татбиқи ҳалли инноватсионӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои технологии ширкати Huawei-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла, дар рафти вохӯрӣ доир ба роҳҳои истифодаи технологияҳои пешрафтаи рақамӣ ҷиҳати такмили равандҳои идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бонкӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, инчунин истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва агентҳои зеҳни сунъӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими рушди низоми молиявию бонкии ҷаҳон табдил ёфтааст. Технологияҳои мазкур барои автоматикунонии равандҳои корӣ, такмили хизматрасонӣ ба мизоҷон, таҳлили маълумот, баланд бардоштани сатҳи идоракунӣ ва таъмини самаранокии фаъолияти муассисаҳои молиявӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.

Дар ин замина, «Амонатбонк» низ дар доираи стратегияи рушди худ ба раванди рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани ҳалли инноватсионӣ ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти бонкӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳо дар самти татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва ҳалли инноватсионӣ иброз намуда, таъкид карданд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои технологӣ метавонад барои рушди минбаъдаи хизматрасониҳои бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон заминаи мусоид фароҳам оварад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк