Дар Амонатбонк маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид

08 сентябр 2026
Имрӯз дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳиматулло ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур раиси раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, муовини якуми раиси раёсат Худоёрзода Худоёр Бахтиёр, муовини раиси раёсат Ризвонзода Ф.З., инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонк иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳиматулло ҳозирин ва тамоми кормандони Амонатбонкро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, нақш ва саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлолу соҳибихтиёрии кишвар ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол махсус таъкид карданд.

Дар доираи ҷаласаи тантанавӣ ба се нафар корманди КВД БА ҶТ “Амонатбонк” барои фаъолияти содиқона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи Амоанатбонк мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд. ​Аз ҷумла, мудирони филиали №07 Ҳамдамзода Абдусамад Ҳамдам, мудири филиали №77 Фаттозода Абдуҷабор Абдуқаҳор бо медали «Хизмати шоиста» ва ба сардори идораи ҳуқуқи Амонатбонк Асоева Таҳмина бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим гардид. ​

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк