Дар Амонатбонк ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

05 сентябр 2026
Имрӯз дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он Раиси Раёсат Амонатбонк Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, муовини якуми раиси Раёсат Худоёрзода Х.Б., муовинони раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., ва Сафарзода Р.С., адиб, Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони Бонк иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба пешрафтҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид.

Гуфта шуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид. Ин замина барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фароҳам овард.
Раиси Раёсат аз дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва варзиш ёдовар шуд. Ҳамчунин, нақши Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ таъкид гардид.

Дар идомаи суханронӣ ба рушди низоми бонкии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Қайд гардид, ки хизматрасониҳои рақамӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва технологияҳои муосири молиявӣ имрӯз ба бахши муҳими ҳаёти ҷомеа табдил ёфтаанд.

Зикр шуд, ки Амонатбонк барои дастрас намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо пайваста чораҳои зарурӣ меандешад. Бонк тавассути 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла сокинони минтақаҳои дурдаст, хизмат мерасонад. Дар ин раванд зиёда аз 3 ҳазор корманд фаъолият доранд.
Ҳамчунин, саҳми кормандони Бонк дар рушди низоми бонкӣ таъкид гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ наздики 30 корманди Амонатбонк барои хизматҳои шоён бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд.

Сипас, Низом Қосим оид ба аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ, эҳёи давлатдории миллӣ, рушди фарҳангу адабиёт ва худшиносии миллӣ суханронӣ намуд. Ӯ ҳозиринро ба дӯст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият даъват карданд.

Муваффақияти ҳар як ташкилот пеш аз ҳама ба меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ ва касбияти кормандони он вобаста аст.

Амонатбонк низ бо такя ба кормандони донишманду ташаббускор ва масъулиятшинос фаъолияти худро рушд дода, ба пешрафти соҳаи бонкдорӣ ва иқтисодиёти кишвар саҳм мегузорад.

Дар доираи чорабинии имрӯза инчунин натиҷаи озмуни «Корманди беҳтарин-2026» эълон гардид, ғолибони озмун бо мукофотпули ва рамзи озмун қадрдони шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор кормандони фаъол ва собиқадори Амонатбонк барои фаъолияти содиқона ва саҳми арзанда дар рушди низоми бонкӣ бо Ифтихорнома ва Раҳматномаи роҳбарияти Бонк сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинӣ дар фазои идона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк