Конференсияи илмӣ-амалӣ ҷиҳати иҷрои муқаррароти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”
Рӯзи 26 августи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҷиҳати иҷрои муқаррароти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 ба тасвиб расидааст Конфренсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо иштироки муовини якуми раиси раёсати Бонк, сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раҳмонзода Фаромарз Назришо, муовини якуми сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе-Қосимзода Маъруф, сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи нақлиёт ва гумруки раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе-Ватанзода Суҳробҷон, сардорону муовинони воҳидҳои сохтории раёсат ва муовинони мудирони филиалҳои КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.













