Дар Амонатбонк семинари омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва масъулияти падару модар баргузор гардид
13 августи соли 2026 дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занону бонувон, тарбия ва ҷалби занони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла профессори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сангинзода Дониёр Шомаҳмад ва намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни семинар масъалаҳои муҳими марбут ба муҳтавои қонунгузории миллӣ, аз ҷумла тафсири муқаррароти алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки таълиму тарбияи дурусти фарзандон вазифаи муҳим ва масъулияти муштараки падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои тарбия намудани насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни семинар масъалаҳои пешгирии таассубу хурофот, тарбияи ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин пешгирии бегонапарастӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳифзи арзишҳои миллӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт.
Дар идомаи чорабинӣ оид ба нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани мақоми онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди касбӣ ва ҷалби бештари бонувони соҳибистеъдод ба вазифаҳои роҳбарикунанда андешаҳои судманд иброз гардиданд.
Дар фарҷоми семинар иштирокчиён таъкид намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи нақши занон дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.













