Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Амонатбонк давоми нимсолаи якуми соли 2026
Санаи 17-уми июли соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, раиси раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А., мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода И.Ш., муовини якуми раиси раёсат Худоёрзода Х.Б., муовинони раиси раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории саридораи Бонк ширкат варзиданд.
Дар оғози нишаст раиси раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А. бо рӯнамои мухтасар баромад намуда, ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми нимсолаи якуми соли 2026 маълумот доданд.
Маълумотҳои пешниҳодгардида оид ба пардохтпазирӣ ва афзоиши тавозун, фоида ва саҳмгузорӣ ба буҷети давлатӣ, амонатҳо ва маҳсулоти нави пасандози рақамӣ, сандуқи қарзӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, иқдомҳои қарзӣ, рушди маблағгузории ипотекӣ ва имтиёзҳои қарзӣ, рушди маблағгузории сабз, рушди рақамикунонӣ, афзоиши ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ, инфрасохтори ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, сифати хизматрасонӣ ва тамос бо мизоҷон, шабака ва инфрасохтори хизматрасониҳо ва ғайра иборат буд.
Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар низ дар навбати худ вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳои гуногун пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла оид ба афзоиши дороиҳои Бонк, манбаи асосии афзоиши фоида, иқдомҳои қарзӣ, қарзҳои ипотекӣ, қаллобии рақамӣ, азнавбақайдгирии дорандагони кортҳои бонкӣ, барномаи мобилии Амонатмобайл, ва ғайра суолҳо пешниҳод гардид.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод барои ибрози андешаҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифта, дар он фаъолияти Бонк ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.













