Натиҷагирӣ аз фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якум ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюм дар соли 2026

09 июл 2026

Санаи 9 июли соли 2026 таҳти роҳбарии раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”» Салимзода А.А. ҷаласаи васеи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якуми раиси Раёсат Худоёрзода Х.Б., муовинони раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. ва Сафарзода Р.С., сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Ю.Х., муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода У.Қ., сардори идораи бозрасии бонкҳои Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Саидзода С.М., инчунин сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мудирони филиалҳои Амонатбонк иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки фаъолияти Амонатбонк дар нимсолаи якуми соли 2026, пеш аз ҳама, ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла нуктаҳои Паёми солона, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди низоми молиявӣ, таъмини устувории фаъолияти бонкӣ, тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, рушди қарздиҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва тақвияти самаранокии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ равона гардидааст.

Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои асосии фаъолияти молиявию иқтисодӣ, ҳолати иҷрои нишондиҳандаҳои нақшавӣ, сифати хизматрасонӣ, раванди хизматрасонии нафақагирон, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, ҳолати қарздиҳӣ, сифати сандуқи қарзӣ, фаъолияти филиалҳо ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти Бонк мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Раёсат Салимзода А.А. вобаста ба натиҷаҳои бадастомада, мушкилоти ҷойдошта ва имкониятҳои минбаъдаи рушди Бонк ибрози назар намуда, ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мудирони филиалҳо ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои нақшавӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, тақвияти интизоми иҷроия, баланд бардоштани масъулияти кормандон, истифодаи самараноки захираҳо, рушди хизматрасониҳои муосири бонкӣ ва таъмини устувории фаъолияти молиявӣ дар нимсолаи дуюми соли 2026 вазифаҳои мушаххас гузошт.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк