Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Амонатбонк
Санаи 26-уми июни соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бо иштироки муовини якуми раиси раёсат Худоёрзода Х.Б., муовинони раиси раёсат Ризвонзода Ф.З. ва Сафарзода Р.С., раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва доираи васеъи кормандон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Нахуст муовини якуми раиси раёсат Худоёрзода Х.Б. ҳозиринро бо санаи бисёр арзишманду таърихӣ, 29-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ёдовар шуданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва неъмати бебаҳои давлатдорӣ барои мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки дар фазои сулҳу оромӣ пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид муҳайё гардад.
Иброз гардид, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари рӯ ба рушд табдил ёфта, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам низ ба сухан баромада, қайд намуданд, ки Ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ гаштааст. Дар кишвари азизу маҳбуби мо якдилӣ, сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бараъло ба чашм расида, нуру зиёи ваҳдат тули 29-сол аст, ки дар фазои Ватани соҳибистиқлоламон танинандоз буда, зери шуои он мардуми сарбаланди кишварамон зиндагии орому осударо пушти сар менамоянд.
Аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷавонони Бонк низ вобаста ба аҳамият ва ҷойгоҳи хоси ин ҷашни таърихиву арзишманд, Рӯзи ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷавононро мебояд ба қадри сулҳу суббот ва истиқлоли комили давлатӣ расида бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.













