Поси хотираи қаҳрамонони миллат

19 июн 2026

Санаи 19-уми июни соли ҷорӣ роҳбарияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ба хотири гиромидошти хотираи таърихии қаҳрамонони миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад дар оромгоҳи «Лучоб»-и шаҳри Душанбе бо гузоштани гулчанбар ба хотираи неки онҳо эҳтиром гузоштанд.

Бояд гуфт, ки мушти хоки оромгоҳи ин Қаҳрамонони Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Маскави Федератсияи Россия ба шаҳри Душанбе оварда шуда, имрӯз оромгоҳи онҳо ба макони муқаддаси арҷгузорӣ ба таърих, ҳувияти миллӣ ва корнамоиҳои фарзандони содиқи Ватан табдил ёфтааст.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк