Иштироки Амонатбонк дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон
Санаи 08-уми майи соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид, ки дар доираи он аз ҷониби намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни ду кишвар намоиши молу маҳсулот доир гардид.
Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ дар форуми мазкур ширкат варзида, маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкии худро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон дар натиҷаи форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар шакли “Соҳибкор бо соҳибкор” (В2В) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Ташкил ва баргузории Форуми соҳибкорӣ ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд бо фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мусоидати фаъол менамояд.