Иштироки “Амонатбонк” дар «Намоишгоҳи байналмилалию универсалии Тоҷикистон -2023»
Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии “Маркази намоишгоҳи доимамалкунанда”, “Намоишгоҳи байналмилалию универсалии Тоҷикистон- 2023” баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои молистеҳсолкунанда ва хизматрасониҳои ватаниву хориҷӣ ширкат варзида, дар самтҳои мухталиф молу маҳсулоти худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар баробари дигар ширкату корхонаҳои саноатӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ дар намоишгоҳи мазкур фаъолона ширкат варзида, маҳсулотҳои соҳавии худро ба маъраз гузошт.
Аз ҷониби мутахассисони Амонатбонк ба мизоҷону меҳмонон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ, аз қабили барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, интернет-банкинг, намуди пасандозҳои Бонк, қарзҳои имтиёзнок, кортҳо ва ғайра маълумот пешниҳод гардид.
Ташкил ва баргузории намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ватанӣ ва дар ин самт вусъат бахшидани ҳамкории дуҷониба бо шарикони хориҷӣ мусоидати фаъол менамояд.













