Ифтитоҳи “Бонки таълимии Амонатбонк” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Санаи 03-юми ноябри соли ҷорӣ дар факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С., Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахт, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии “Амонатбонк” ва устодону донишҷуёни донишгоҳ, “Бонки таълимии Амонатбонк” ба истифода дода шуд.
Дар “Бонки таълимии Амонатбонк” тамоми шароит ҷиҳати гузаронидани дарсҳои амалӣ муҳайё буда, дар баробари ин компютерҳои кории бонки таълимӣ бо барномаҳои махсуси бонкӣ пайваст гардидаанд, ки ҳамакнун донишҷӯёне, ки дар риштаи молиявию иқтисодӣ таҳсил мекунанд, метавонанд донишу малакаи касбии хешро сайқал дода бошанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки пас аз ба истифода додани “Бонки таълимии Амонатбонк” дар он мунтазам машғулиятҳои амалӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи бонкӣ баргузор карда мешавад, ки ба ин восита завқу шавқи донишҷӯён ба ихтисоси интихобкардаи онҳо бештар мешавад.
Пас аз ба истифода додани “Бонки таълимии Амонатбонк” ҳайати меҳмонон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ дидан намуданд.
Зимни боздид аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар ДМТ аён гардид, ки дар ин марказ осори беназири Сарвари давлат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 600 асар доир ба фаъолияту корномаи Пешвои миллат, ки аксаран аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ таълиф гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст.
Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ низ мутобиқ ба талаботи замони муосир, бо назардошти аслият ва мазмуну мундариҷаи нигораҳо таъсис дода шуда, ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, ифтихормандӣ ва завқи эстетикии бинандаро дучанд менамояд.
Дар идома дар толори барҳавои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеъи донишҷӯёну устодон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Нахуст Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахт ба сухан баромада, ҳамагонро ба ДМТ хуш омадед гуфта, ба истифода додани “Бонки таълимии Амонатбонк”-ро як қадами нек ҷиҳати ҳамкории дуҷониба дар самти омода намудани мутахассисони ҳирфаии соҳаи иқтисод ва молияи унвон карданд.
Сипас Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. бо рӯнамо дар мавзӯи “Пешвои миллат ва саҳми ӯ дар рушди соҳаи бонкдорӣ дар мисоли Амонатбонк” баромад намуда, иброз доштанд, ки саҳми Пешвои миллат дар баробари дигар корнамоиҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат низ муҳим ва сазовор арзёбӣ мешавад.
Зеро, Пешвои миллат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбарии кишвар интихоб шудан то ба имрӯз бо дарки амиқи муҳиммияти соҳаи мазкур ба масъалаи сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда дар бунёди сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва таҳкими низоми бонкдории миллӣ нақши меҳварӣ доранд ва пули миллии сомонӣ, ки ба ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар муомилот ҷорӣ гардид, на танҳо воситаи муомилот, балки рукни муҳимми давлатдории миллӣ, ки шоистаи эҳтиром мебошад, маҳсуб мегардад.
Ҳамзамон дар идома дар бобати гузаронидани ислоҳоти пулӣ, ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ, фароҳам овардани шароит барои таъсиси бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкӣ, таъсиси институтҳои ёрирасони низоми бонкӣ, нишондиҳандаҳои молиявии Амонатбонк (дар мисоли 5 соли охир) ва вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ғайра ба ҳозирин маълумотҳои зарурӣ пешниҳод гардид.
Устодону донишҷуёни ДМТ бо шавқу рағбати зиёд ба мавзуи рӯнамо “Пешвои миллат ва саҳми ӯ дар рушди соҳаи бонкдорӣ дар мисоли Амонатбонк” таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар навбати худ суолҳои гуногун низ пешниҳод намуданд ва ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ба устодону донишҷӯёне, ки дар рафти семинари омӯзишӣ фаъол буданд, аз ҷониби роҳбарияти Бонк тӯҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.
Дар охир Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” омодагии хешро ҷиҳати ҳамкории тарафайн бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иброз дошта, қайд намуданд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин семинарҳои омузишӣ ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони ояндаи соҳаи бонкдории мамлакат нақши муҳим мебозад.













