Таҷлили Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амонатбонк

03 ноябр 2023

Санаи 03-юми ноябр дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки муовини Раиси Раёсати “Амонатбонк” Ризвонзода Ф.З., ҳайати васеи кормандон ва академики АИ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор Маҳмудов М.А., ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Дар оғози ҳамоиш муовини Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Ризвонзода Ф.З. ҳозиринро бо 29-умин солгарди Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад. Аз ин рӯ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ба бахтнома ва ё саодатномаи миллати тоҷик нисбат дод, зеро ҳар саҳифаи ин китоби сарнавиштсоз зиндагии бонизом ва осудаи сокинонро кафолат медиҳад.

Дар идома академики АИ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор Маҳмудов М.А. низ ба сухан баромада зикр намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 29 сол муқаддам, яъне 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ санади волои миллии худро қабул намуд.

Тавассути ин дастоварди олӣ, Тоҷикистони азизу маҳбубамон барои гузариш ба марҳалаи нави рушд, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт. Он дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.

Зеро Конститутсияи мо худ маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад ва ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намудааст.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро азизу муқаддас шуморида, ба он ҳамчун дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк