Иштироки “Амонатбонк” дар Ҳамоиши “Экспо 2023- соҳибкории занон: шарикӣ ва имкониятҳои рушд”.

15 ноябр 2023

Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор, Ҳамоиши “Экспо 2023- соҳибкории занон: шарикӣ ва имкониятҳои рушд” баргузор гардид.

Дар доираи ҳамоиши мазкур молу маҳсулот ва хизматрасониҳои занони соҳибкор ва ташкилотҳои қарзии кишвар ба намоиш гузошта шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк” низ маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба намоиш гузошта, оид ба қарзҳои имтиёзнок, ки барои дастгирии занону бонувони соҳибкор равона гардидааст ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

Дар қисмати дигар ҳамоиш занону бонувони соҳибкор ва намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои қарзӣ бо рӯнамо баромад намуданд.

Қайд гардид, ки саҳми соҳибкорон, аз љумла занони соҳибкор дар рушди иқтисоди миллӣ ва дар ин замина мусоидат ба зиндагии арзанда, ки ҳадафи олии Ҳукумати кишвар аст, хело назаррас аст.

Муовини Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк” Сайфзода Ш.Ҷ. низ бо рӯнамо дар мавзӯи “Нақши Амонатбонк дар беҳтар намудани дастрасии занон ба қарзҳо” баромад намуда, иброз доштанд, ки боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба баланд бардоштани мақоми зани тољик тадбирҳои муассир андешида шуданд. Дар партави ин сиёсат занони кишвар дар ҳама соҳахо фаъолияти пурсамар доранд.

Ин аст, ки занони соҳибкори кишвар дар корҳои созандагӣ, ободонӣ, таъсиси љойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар саҳмгузории хешро бештар намуда истодаанд ва бо бонкҳои ҳамкорӣ менамоянд.

Дар идома гуфта шуд, ки Амонатбонк ба соҳибкорони кишвар дар 9 моҳи соли 2023 дар ҳаљми 411,7 млн.сомонӣ маблаѓҳои қарзӣ пешниҳод намудааст.

Дар 9 моҳи соли 2022 бошад, 354,9 млн.сомонӣ маблаѓҳои қарзии пешниҳоднамудаи Амонатбонк дастраси соҳибкорони кишвар гардида буд.

Амонатбонк дар маљмуъ дар давраҳои ҳисоботи солҳои 2022-2023 шумораи 9 987 нафар занони соҳибкорро бо пешниҳоди маблаѓҳои қарзӣ дар ҳаљми зиёда аз 189 млн.сомонӣ дастгирӣ намудааст.

Дар анҷом гуфта шуд, ки таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳаљми қарзҳои додашудаи Амонатбонк баҳри дастгирии занони соҳибкори кишвар дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2022   1,8 маротиба афзоиш ёфта, ин раванд дар оянда низ, ҳамчун ҳадафи асосӣ дар фаъолияти Бонк қарор дода мешавад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк