Мафҳуми коррупсия ва оқибатҳои ногувори он

15 ноябр 2023

Коррупсия яке аз падидаҳои номатлуб дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун як падидаи қадимӣ чун тартиботи иҷтимоие, ки ҳаёти одамонро идора мекунад, новобаста аз он ки ин чӣ гуна тартиботи иҷтимоӣ мебошад, арзи вуҷуд дорад. Табиист, ки ин ходиса дар рафти раванди таърихӣ доимо тағйир меёбад ва дар баробари мураккаб шудани тартиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ шаклҳои нави зухуроти он ба миён меоянд.

Дар ҷаҳони муосир коррупсия барои қариб ҳамаи давлатҳо як мушкили ҷиддӣ ва мубрам ба ҳисоб меравад.

Дар муқаддимаи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид бар зидди коррупсия ҷиддии мушкилот ва таҳдидҳои коррупсия ба субботу амнияти ҷомеа, ки институтҳо ва арзишҳои демократӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва адолатро халалдор мекунанд ва ба рушди устувор ва волоияти қонун зарар мерасонанд, қайд карда мешавад ва коррупсия дигар мушкилоти маҳаллӣ ба ҳисоб нарафта, балки ба як падидаи фаромиллӣ табдил ёфтааст, ки ба ҷомеа ва иқтисоди тамоми кишварҳо таъсир мерасонад.

Имрӯз мушкилоти коррупсия, рафъи зуҳуроти мухталифи он ва муқовимат ба паҳншавии он, таҳия ва татбиқи амалии сиёсати самарабахши зиддикоррупсиониро барои тамоми кишварҳои олам тақозо менамояд.

Коррупсия як иллати ошкори тамоми низоми идоракунии иҷтимоӣ мебошад, ки ба ҳама давлатҳо хос аст ва дар ҳама давру замон вуҷуд дорад. Вай танҳо ба низоми муносибатҳои ҷамъиятии дорои дараҷаҳои гуногуни фаъолият таъсир расонда, баъзан чунон мавқеъ пайдо мекунад, ки ба танзимгари ин муносибатҳо табдил ёфта, конунро иваз менамояд ё дар баробари он амал намуда, пояҳои ҳокимияти давлатиро суст мекунад.

Чунин кирдорҳои коррупсионӣ соҳибони қудрати қонуниро водор месозад, ки ба он муқовимат нишон диҳанд.

Мубориза бо ин шакли шадиди коррупсия ба самти муҳимтарини ташаккули рушди устувори низоми идоракунии иҷтимоӣ табдил меёбад.

Давлат ва ҷомеа ҳангоми рушд бо назардошти омилҳои зиёди дорои хусусияти объективӣ ва субъективӣ воситаҳои мубориза бо коррупсияро таҳия намуда, онҳоро дар сатҳҳои гуногуни ҳокимият - ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ мавриди санҷишу таҳлил қарор медиҳанд.

Бо ин мақсад бар зидди коррупсия чораҳои зарурӣ чӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ва чӣ дар сатҳи миллии кишварҳо андешида шуда, доктринаи ягонаи ҳуқуқӣ дар ин раванд ташаккул дода шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» коррупсия кирдоре, ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ гуногунанд, аз ҷумла таҳаммулпазирии аҳолӣ ба зуҳуроти коррупсия, паст будани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, мавҷудияти интихоби усулҳои рафтори шахси мансабдор вақте ки ў метавонад масъалаи дар назди ў гузошташударо ҳам мусбат ва ҳам манфӣ ҳал намояд, аз ҷониби шаҳрванд надонистани ҳуқуқҳои худ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои шахси мансабдор ё шахсе, ки вазифаи роҳбариро дар ташкилоти тиҷорати ё ташкилоти дигар иҷро менамояд.

Дар навбати худ намудҳои коррупсия низ гуногуншакланд вобаста ба субъекти он, бо сўистифода аз вазифаҳои хизматӣ ва ташаббускори муносибатҳо, ришвадиҳандаю ришвагиранда, миёнаравӣ, вобаста ба объекти он, фоида, бартарӣ ва имтиёзи ба дастовардашуда фаҳмида мешаванд.

Коррупсия як мушкилоти байналмилалӣ буда, он ба ҳамаи кишварҳо, сарфи назар аз сохти сиёсӣ ва сатҳи рушду нумуи сиёсӣ маҳсуб буда, танҳо аз ҷиҳати микьёсу андозаи худ фарқ мекунад.

Дар умум, оқибатҳои ногувори коррупсия дар он аст, ки принсипи волоияти қонунро поймол мекунад, ба рушди арзишҳои демократӣ ва волоияти қонун таҳдид мекунад, сулҳу суботро дар ҷомеа барҳам медиҳад, ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла сармоягузориҳои хориҷиро коҳиш медиҳад ва ҳавасмандии сармоягузоронро ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти муайян аз байн мебарад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк