Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Амонатбонк”

16 ноябр 2023

Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Раёсати “Амонатбонк” Икромӣ С.С., муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар ва ҳайати кормандони Бонк чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Раёсати Бонк Икромӣ С.С. ба сухан баромада, ҳозиринро бо санаи воқеан таърихӣ ва арзишманд, 16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Қайд карда шуд, ки таҷлили Рӯзи Президент — ин арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудааст.           

Зеро қобилияти баланди Роҳбарияти олии кишвар, ҷасорат ва садоқат ба халқ, Тоҷикистонро аз буҳрони бузург раҳонид ва миллатро сарҷамъ намуд, ки ин қаҳрамониро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш намесозад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат асту дар сатҳи хеле баланд таҷлил намудани он шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву озодӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

           Дар идома муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар низ ба сухан баромада, бо ифтихор аз Пешвои миллати тоҷикон қайд карданд, ки дар натиҷаи пеш бурдани сиёсати хирадмандонаи Сарвари ғамхорамон ва чораҷӯиҳои Ҳукумати кишвар дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи муътадили сиёсӣ ба даст омад.

Кишвари азизамон- Тоҷикистон шурӯъ аз солҳои 2000 макони баргузории конфронсу саммитҳои байналмиллалӣ ва суҳбату мулоқотҳои сарони давлатҳои абарқудрат, аъзои созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ гардид, ки ин аз сохтори муътадил ва иқтидори баланди давлатамон шаҳодат медиҳад.

Зикр гардид, ки дар давраи соҳибистиқлоли дар Тоҷикистон ҳаёти фарҳангиву моддӣ тағйир ёфта, миллат ба фараҳу шодӣ расид, тамоми соҳаҳо рушд намуданд ва инқилоби маданӣ дар мамлакатамон сурат гирифт, ки ин ҳама аз баракати мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сипас дар бобати корнамоиҳои беназиру таърихии Пешвои муаззами миллат шеърҳои пурмазмун қироат карда шуда, гуфта шуд, ки мардуми Тоҷикистон хизмату заҳматҳои бузурги Президенти мамлакатро қадр намуда, бо чунин фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик ифтихор доранд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк